Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден ба Русия ҳушдор дод


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Русия ҳушдор дод, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Украинаро халалдор накунад. Ҷо Байден рузи 21-уми май дар нишасти хабарии муштарак бо Трайан Басеску, раиси ҷумҳури Руминия гуфт, “мо бояд дар иҷрои таҳримот алайҳи Русия мусаммам бошем” ва афзуд, дар сурати халалдор кардани интихоботи Украина дар рӯзи 25-уми май, мумкин аст, ба зидди Русия чораҳои сахттар андешида шавад. Ҷо Байден бо зикри банди 5-уми маншури НАТО, гуфт, таҷовузи Русия ба Қрим, ки 350 километр дуртар аз марзҳои Руминия воқеъ шудааст, нишон медиҳад, ки ба паймони НАТО ҳанӯз зарурат вуҷуд дорад. Ҷо Байден ҳамчунин гуфт, ки корҳо барои истиқрори бахше аз сипари дифоъи мушакии Амрико дар Руминия дар соли оянда идома дорад. Трайан Басеску ба Амрико изҳори сипос кард, ки дар вокуниш ба бӯҳрон дар Украина бахше аз неруҳои ҳавоиашро ба минтақа фиристод.
XS
SM
MD
LG