Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле парлумони Тоҷикистон ба ваколатҳои Омбудсмен ҳимоят аз ҳуқуқи сокинон барои дастрасӣ ба иттилоъотро афзуд, ки дарёфти иттилоъот на танҳо барои сокинони оддӣ, балки ба хабарнигорони тоҷик низ мушкили доғ боқӣ мондааст.

Шабакаи телевизиони давлатии Суғд – СТВ ахиран навореро ба намоиш гузошт, ки сардухтури таваллудхона хабарнигор ва наворбардори ин расонаро аз ин муассиса меронад.

Мастона Ҳасанова, хабарнигори СТВ мегӯяд, вай ба зоишгоҳи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳи наворбардор барои таҳияи гузориш дар мавзӯи фавти модару кӯдак рафта буд, ки ба чунин муносбати сард рӯ ба рӯ шуд:

“Аммо масъулони таваллудхона бо мо сӯҳбат кардан нахостанд ва ба корамон монеъ шуданд. Аввал ба нармӣ гуфтанд, ки барои наворгирӣ аввал аз раёсати тандурустӣ иҷозат гирем. Вақте ки дастгоҳро фаъол карда дар ҳавлии таваллудхона навор мебардоштем, ба қаҳр омаданд.” – афзуд вай.

Ҳамин тавр, гузориши хабарнигорон дар мавзӯи афзудани фавти модару кӯдак нотамом монда, онҳо ба раёсати тандурустии Суғд дар бораи сарпечии масъулони таваллудхлна аз додани иттилоъ шикоят кардаанд.

“Аз раёсати тандурустӣ гуфтанд, ки дар ин бора вокуниш хоҳанд кард. Вақте вокуниш мешавад, ман ҳатман боз ба таваллудхона рафта, гузоришамро такмил хоҳам кард. Чунки ман барои маводам қаҳрамон ёфта будам, назари додситонӣ ва коршиносонро гирифта будам. Танҳо назари табибони таваллудхонаи вилоятӣ дар бораи фавти модару кӯдак мондааст.”

Санавбар Азизова, сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғд, ҷойгир дар шаҳри Хуҷанд дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки чаро хабарнигоронро аз муассисааш берун кард, чунин посух дод:

“Худи сардори раёсати тандурустӣ ба мо дастур доданд, ки бе иҷозати он кас ба касоне, ки барои навиштани мақолаю сабту наворбардорӣ наздамон меоянд, чизе пешниҳод накунем. Дар он навор ман будам, ки ба он хабарнигорон гуфтам, навор набардоред, мумкин нест, аввал аз сардори раёсат иҷозатнома биёред, баъд - марҳамат, ман шуморо назди беморон мебарам ва ҳар чӣ мушкилоте дорем, мегӯям.”

Ба гуфтаи хонум - Азизова, чанде қабл дигар як шабакаи телевизионии маҳаллӣ утоқҳои муҷаҳҳази таваллудхонаи вилоятиро ба навор бардошт. Аммо он наворро ба таъкиди вай – “дар як намоиши танқидӣ”, ки дар он сокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ аз паст будани сифати хидматрасонии таваллудхонаву вуҷуди ришвахорӣ ва мушкилоти дигари он шикоят мекарданд, ба намоиш гузошт. Баъд аз он раёсати тандурустӣ тасмим гирифтааст бе иҷозаи расмии худ хабарнигоронро ба муассисаҳои тандурустӣ барои сабту наворбардорӣ роҳ надиҳанд.
Муҳаббат Ҷӯраева

Муҳаббат Ҷӯраева

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшинос ва раҳбари маркази ҳуқуқии “Адвокати ту” дар шаҳри Хуҷанд, ки ба хабарнигорон ёриҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод мекунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, чунин мисолҳои монеъ шудани мақомот ба дастрасии хабарнигорон ба иттилоот зиёд аст:

“Хабарнигор мақола ё маводи таърифӣ дар бораи корхонаву муаассисаҳо, хусусан ба хотири ситоиши ягон мансабдори давлатӣ навиштану таҳия кардан хоҳад, мақомот бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Аммо аз додани иттилоъ ба журналистоне, ки барои таълифи маводи таҳлиливу танқидӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, сарпечӣ мекунанд ва аз чунин журналистон мегурезанд.”

Хонум Ҷӯраева афзуд, натиҷаи чунин диди мансабдорон ва муносибати онҳо бо хабарнигорон низ ҳаст, ки саҳифаҳо ва вақти нашрияву телевизиону радиоҳои давлатиро асосан маводҳои хушку холии ҳисоботӣ аз “пирӯзиҳои нав ба нави истеҳсолӣ” дар кишвар ва таърифу ситоиши мансабдорон пур кардааст. Аммо тарси мансабдорон аслан аз маводи танқидӣ нест. Балки аз раҳбарони худ аст, ки баъди тамошои он намоиши танқидӣ бо баҳонаи вуҷуди камбудиҳо тобеи худро аз он курсии мансаби ба сад хуни ҷигар ва восита ба даст овардааш поин наандозад.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 21-уми уми май бо пешниҳоди раисҷумҳур ба Қонуни “Дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҶТ” тағйирот ворид намуд. Ҳамакнун таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба иттилоъот низ аз ваколатҳои Омбудсмен дониста шуд.

Муҳаббат Ҷӯраева мкгӯяд, хабарнигор дар чунин ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқаш барои гирифтани иттилоот метавонад ба мақомоти болоии ҳамон муассисаи сарпечикарда аз додани маълумот, додгоҳ ё мақомоти додситонӣ, ҳамакнун ба ниҳоди Омбудсмен муроҷиат кунад. Аммо қисми зиёди рӯзноманигорон мисли ин ки бо ин вазъ созиш кардаанд ва ба хотири бад накардани муносибати худ бо мақомот аз “худсензура” кор мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG