Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарордоди деринтизори Чину Русия имзо шуд


Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия ва Чин дар ниҳоят ёддошти деринтизори тафоҳумеро ба имзо расонданд, ки бар асоси он Русия бояд ба дар 30 соли оянда ба Чин 38 миллиард метри мукааб гази табиӣ бифрушад. Ёддошти мазкур рӯзи 21-уми май дар ҳошияи сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Шанхай имзо шуд. Аммо қимати газ ҳоло ишфо нашудааст ва он бояд аз тариқи лулаи наве ба Чин интиқол дода шавад, ки тарафи шарқ ҳарду кишварро васл мекунад. Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром” гуфт, ки ҷузъиёти қарордод сирри тиҷоратист, вале арзиши онро 400 миллиард доллар ҳисоб кардаанд. Русия ва Чин як даҳсола боз дар бораи фурӯши гази русӣ ба Чин барои 30 соли оянда гуфтугӯ доштанд, аммо бинобар ихтилофи назар дар бораи қимати газ имзои қарордод ба таъхир меафтод.
XS
SM
MD
LG