Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони қисме дигар аз ғолибони бозиҳои варзишии Тоҷикистон


Бозиҳои варзишии ҷумҳурии Тоҷикистон боз аз рӯи се намуд - баскетбол (мардон), гуштии юнониву румӣ ва гуштии озод - натиҷагирӣ шуд.

Сардовари ин бозиҳо Раҳматшо Камолов, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқот аз рӯи баскетбол байни мардон ва гуштии озод дар шаҳри Душанбе ва гуштии юнониву румӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд баргузор шуданд. Дар мусобиқаи баскетбол дастаи Душанбе-1 мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойи дувум ва тими Душанбе-2 дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Ба ин тартиб, то имрӯз аз даҳ намуде, ки ба барномаи бозиҳо шомиланд (баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, гуштии миллӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо ва самбо) мусобиқот дар 8 намуд ба анҷом расид. Баъди натиҷагирии 8 намуди варзиш дар ҳисоби умумидастаӣ тими Душанбе-1 дар ҷойи аввал, Хатлон-2 дар ҷойи дувум ва шаҳру навоҳии тобеи марказ дар ҷойи севум мебошанд.”

Сардовари Бозиҳои варзишии Тоҷикистон афзуд, мусобиқот дар риштаи баскетбол байни занон, ки дар Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон ҷараён дорад, рӯзи 22-юми май натиҷагирӣ хоҳад шуд. Инчунин рӯзҳои 23-25-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи варзиши сабук, рӯзҳои 26-31-уми май дар толории варзишии “Манеж”-и Душанбе мусобиқаи волейбол байни мардон ва рӯзҳои 1-6-уми июн дар толори Клуби варзишии “Динамо”-и Душанбе мусобиқаи волейбол миёни занон барпо мегарданд.

Ёдовар мешавем, дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон ҳашт даста - мунтахаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, ду даста аз вилояти Хатлон, мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва ду дастаи Душанбе ширкат доранд. Ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳҳои сентябр-октябри соли равон дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, ба шумор мераванд.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ГУШТИИ ЮНОНИВУ РУМӢ

Вазни 59 кг
1.Шарифзода АзизбекДушанбе-1
2.Ғаффоров РамазонДушанбе-2
3.Ғуломов РамазонХатлон-2
3.Қосимов ЭлшанСуғд

Вазни 66 кг
1.Амрохонзода ЛоиқХатлон-2
2.Отамуродов БаҳруллоСуғд
3.Орипов АкмалДушанбе-1
3.Нуъмонов РухафшонДушанбе-2

Вазни 71 кг
1.Облобердиев ХусравСуғд
2.Саидов МеҳриддинХатлон-2
3.Зокиров АбдуқодирШНТМ
3.Иброҳимов ФаридунДушанбе-1

Вазни 75 кг
1.Ҳакимов ШарифхуҷаДушанбе-2
2.Исоқов СарварСуғд
3.Бобохонов АкмалХатлон-2
3.Раҳмонов ФаррухрӯзДушанбе-1

Вазни 80 кг
1.Тӯйчиев ҚаҳрамонДушанбе-1
2.Икромов ИсфандиёрСуғд
3.Самадов МаҳмадалӣХатлон-2
3.Пиров АкмалДушанбе-2

Вазни 85 кг
1.Рофиев ФардавсСуғд
2.Қаландаров МаҳмадаминШНТМ
3.Файзиев ШавкатХатлон-2
3.Латипов ИсфандиёрДушанбе-2

Вазни 98 кг
1.Абдуллоев ҲабибуллоДушанбе-1
2.Ваҳобов АзмуддинДушанбе-2
3.Шералиев КомилҷонХатлон-2
3.Бобоҷонов ФирдавсСуғд

Вазни 130 кг
1.Тӯйчиев МуродҷонСуғд
2.Шанбиев ШанбеДушанбе-2
3.Раҷабов АсомиддинХатлон-1
3.Ёқубов ҶумъахонДушанбе-1

ГУШТИИ ОЗОД

Вазни 57кг
1.Ҷӯраев СаидҷаъфарДушанбе-2
2.Очилов ШоҳрухХатлон-1
3.Шамсиддини НасруллоДушанбе-1
3.Файзиев АбдуқосимХатлон-2

Вазни 61 кг
1.Усмонзода ФарҳодДушанбе-1
2.Шарипов НекрӯзДушанбе-2
3.Умаров ҶамшедХатлон-2
3.Юлдошов АмирСуѓд

Вазни 65 кг
1.Хоҷаев ТоҷиддинДушанбе-1
2.Исмоилов СодиқхуҷаСуғд
3.Холов ИлҳомДушанбе-2
3.Манучеҳри СироҷиддинХатлон-1

Вазни 70 кг
1.Воҳидов СомиршоДушанбе-1
2.Турсоатов МанучеҳрДушанбе-2
3.Амоятшоев ФаризВМКБ
3.Мақсудов БаҳодурСуғд

Вазни 74 кг
1.Сӯфиев АзаматДушанбе-1
2.Усмонов ҚосимХатлон-2
3.Наимов ХайёмДушанбе-2
3.Ҳаитов РустамСуғд

Вазни 86 кг
1.Қодиров БаҳодурДушанбе-1
2.Назаров АбдуллоДушанбе-2
3.Табаров ШамсиддинХатлон-1
3.Одилов ФаридунСуғд

Вазни 97 кг
1.Раҷабов ШукруллоДушанбе-1
2.Тоҳиров РаҷабХатлон-1
3.Сафарзода МаъруфДушанбе-2
3.Исоқҷони ҲасанХатлон-2

Вазни 125 кг
1.Анақулов ФарҳодДушанбе-1
2.Гулямов АбдурашидДушанбе-2
3.Зарифбеков РусланВМКБ
3.Шодмони СамандаршоСуғд (шахсӣ)
XS
SM
MD
LG