Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти амниятии муҳим дар Чин шурӯъ шуд


Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, бо ифтитоҳи нишасти сарони кишварҳои осиёӣ дар шаҳри Шанхай ба ҳамкории наздик дар мубориза алайҳи терроризм даъват кард. Ӯ дар ин бора дар нишасти Муколама ва эътимодсозӣ дар Осиё сӯҳбат кард, ки рӯзи 21-уми май дар Шанхай оғоз ёфт. Ӯ ба ҳозирони нишаст гуфт, барои амният дар қораи Осиё, “бояд равишҳои амниятӣ нав шавад, сохтори нави ҳамкориҳои минтақавии амниятиро ба роҳ монанд ва стротегия наву муштараки амниятро” таҳия кунанд. Дар ин нишасти амниятӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Владимир Путин аз Русия ва Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ширкат доранд. Муколама ва эътимодсозӣ дар Осиёро соли 1990 таъсис шуда ва минбаре барои тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати таъмину субот дар Осиё дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG