Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 10 афсари пулиси афғонро куштанд


Ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба посгоҳҳои пулис дар шарқ ва шимолушарқи Афғонистон дасти кам 10 афсари пулисро куштаанд. Ба гуфтаи Абдулқодир Сайёд, як мақоми пулиси Вилояти Бадахшон, Толибон рӯзи 21-уми май ба пойгоҳи маъмурони пулис дар ноҳияи Юмгон ҳамла кардаанд ва барои қатъи иртиботи телефонии ноҳия ва маркази вилоят, манораи мавҷгирро дар Юмгон вайрон кардаанд. Навид Фӯрутан, сухангӯи волии Бадахшон, гуфт, ҳамла назар ба ҳамлаҳои пешин бисёр “сахт” буда ва маркази ноҳия ба “майдони ҷанг” табдил шудааст. Бино ба гузоришҳо, дар ҷанг шаш маъмури пулис ва 5 ҷангҷӯи Толибон кушта шудаанд. Айни замон аз вилояти Лағмон гузориш мерасад, ки ҷангҷӯёни Толиб, ки бурқа ба сар карда буданд, ба пойгоҳи пулис дар як ноҳия ҳамла бурда ва чаҳор нафари онҳоро куштаанд.
XS
SM
MD
LG