Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" ва Чин "бетанаффус" гуфтугӯ доранд


Мақомоти ширкати давлатии “Газпром”-и Русия мегӯянд, музокирот дар бораи фурӯши гази табиӣ ба Чин “бетанаффус” идома дорад. Рӯзе пеш аз ин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои чинии ӯ Ши Ҷинпинг дар мавриди ин қарордоди 400 миллиард долларӣ ба мувофиқа нарасиданд. Баъди ин мулоқот дар шаҳри Шанхай дар рӯзи 20-уми май Путин гуфт, ки музокирот дар бораи ин қарордод дар “марҳилаи ниҳоӣ” қарор дорад ва гуфтугуҳо дар ин бора идома мекунад. Русия ва Чин як даҳсола боз аст, ки дар бораи фурӯши гази русӣ ба Чин барои 30 соли оянда гуфтугӯ доранд, аммо бинобар ихтилофи назар дар бораи қимати газ имзои қарордод ба таъхир меафтад. Мақомоти “Газпром” гуфтанд, ки умедворанд, пеш аз Чинро тарк кардани Владимир Путин дар рӯзи 21-уми май дар музокирот “пешрафти азиме” ҳосил мешавад.
XS
SM
MD
LG