Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунад


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, бо Трайан Басеску раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти Руминия рӯзи 21-уми май бӯҳрон дар Украинаро баррасӣ мекунад. Ҷо Байден рӯзи 20-уми май вориди шаҳри Бухарест шуд ва ба Руминия, як узви НАТО ва шарики Амрико дар минтақа итминон дод, ки метавонад, ба Иёлоти Муттаҳида такя кунад. Ҷо Байден зимни суханронӣ дар ҳузури сарбозони амрикоӣ ва руминӣ дар пойгоҳе дар наздикии шаҳри Бухарест гуфт, “Марзҳои Аврупо дигар ҳеҷ гоҳ зери мили силоҳ тағйир дода, намешаванд.” Муовини раиси ҷумҳури Амрико аз Бухарест ба Қибрис меравад ва бо мақомоти ин ҷазираи тақсимшуда дар бораи ҷараёни сулҳ ва ва ҳамкориҳои он бо Русия гуфтугӯ мекунад. Интизор меравад дар мулоқотҳои Байден таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия баррасӣ шавад. Масъалаи мазкур барои Қибрис бисёр ҳассос аст, зеро сармоягузорони Русия дар бонкҳои ин кишвар миллиардҳо евро амонат доранд.
XS
SM
MD
LG