Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Русия аз марз ақибнишинӣ кардаанд


Мақомоти Украина мегӯянд, Русия нерӯҳояшро дасти кам 10 километр аз марз дур бурдааст, вале иддаои Маскавро таъйид накард, ки гуфтааст, нерӯҳояшро ба тамом аз сарҳад кашидааст. Вазорати дифои Амрико низ рузи 20-уми май гуфт, ҳеҷ аломати ихроҷи 40 ҳазор сарбози Русия аз минтақаҳои наздик ба марзи Украинаро надидааст. Қарор аст, рузи 25-уми май дар Украина интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад ва дар остонаи ин рӯз даври нави муколамаи миллӣ барои хотима додан ба ҷудоихоҳӣ дар шаҳрҳои шарқии кишвар баргузор шавад. Ҷудоихоҳони тарафдори Русия ҳоло даҳҳо шаҳру шаҳракҳои шарқи Украинаро ишғол карда ва даъвои мухторияту истиқлол доранд. Интизор меравад, муколамаи миллӣ дар шаҳри Миколаев сурат бигирад. Айни замон Ринат Ахметов, сарватмандтарин шахси Украина ҷудоихоҳони тарафдори Русияро “роҳзанҳо” номид ва гуфт, ки амалкардҳои онҳо дар шаҳри саноатии Донбасс метавонад, ба наслкушӣ бирасонад.
XS
SM
MD
LG