Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банди нав "барои ҷалб ва ширкат дар ҷангҳо" дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон


Порлумони Тоҷикистон банди алоҳидаеро ба Қонуни ҷиноии кишвар ворид кард, ки бар асоси он ҷавононе, ки барои ҷангҳо дар хориҷи кишвар ҷалб шуда ва ширкат мекунанд, муҷозот пешбинӣ менамояд. Абдуманон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 21 май зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҷиноии Тоҷикистон гуфт, ки " дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон" моддаи 152 қисми 1 ворид шуд ва ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз ҷалбу ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ аст." Зеро ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, "танҳо дар соли гузашта нисбати 6 нафар барои ширкат дар низоҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва нисбати се нафар ҳукми додгоҳ содир шудааст." Аммо бо ин ҳам ҳанӯз ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, муҷозоти мушаххасе барои содир кардани ин ҷиноят таъин нашудааст ва ин мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, то кунун ин гуна ҷиноятҳо бар асоси қавонини кишварҳои хориҷ баррасӣ ва ҷазо таъин карда мешуд. Нозирони умур хабарҳои ахир марбут ба ҷалбу ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия алайҳи режими Башор Асадро аз иқдомоти ахири порлумони Тоҷикистон унвон мекунанд.
XS
SM
MD
LG