Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон


 Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба варзиши сабук барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин мубориза мебаранд.

Ин мусобиқа рӯзҳои 21-22-юми май дар пойтахти Тайланд – Бангкок баргузор мешавад. Шарафи Тоҷикистонро ду варзишгар - Мехрангез Назарова дар давидан ба масофаи 1500 метр ва Зоир Шералиев дар гурзандозӣ ҳимоя мекунанд.

Дар ин бора Евгений Шумарин, дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, рӯзи 21-уми май ба радиои Озодӣ хабар дод.

Ёдовар мешавем, дар ҳамин ҳол варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин ду роҳхат ба даст овардаанд. Дар мусобиқаи литсензионии қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ байни наврасон, ки аз 8-ум то 11-уми май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд, паҳлавони навраси тоҷик Фирӯз Ёқубов дар намуди гуштии озод дар рақобатҳо дар вазни то 100 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай, инчунин, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи дувуми наврасон гардид.

Роҳхати дувумро барои Тоҷикистон Тоҳирҷон Охунов овард. Вай, ки дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг ҷойи дувумро гирифт, бо медали нуқра ва роҳхат ба Олимпиадаи Нанҷинг сарфароз шуд.

Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 15 риштаи варзиш дохил аст.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони навраси тоҷик соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал (Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг – медали нуқра ва Шукрона Шарифова, таэквон-до ВТФ, вазни то 44 кг – медали биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
XS
SM
MD
LG