Пайвандҳои дастрасӣ

Спикери порлумони Покистон ба Тоҷикистон меояд


Сардор Аёз Содиқ, спикери порлумони Покистон ба манзури анҷом сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Масъулони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 21-уми май зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "қарор аст Сардор Аёз Содиқ, спикери Асамблеяи милли Покистон (палатаи поёнии порлумон) рӯзи 26-уми май вориди шаҳри Душанбе шавад ва дар ҷарёани сафари худ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон бахусус Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад." Ба иттилои ин манбаъ дар ҷараёни ин дидорҳо масоили марбут ба густариши равобити байни порлумонӣ, ҳамкориҳои ду кишвар ва ҳамчунин амнияти минтақа баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин интизор меравад, спикери порлумони Покистон, бо Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амният, Саймӯмин Ятимов, раиси КДАМТ ва Усмоналӣ Усмонозода, вазири энергетика ва захираҳои обӣ мулоқотҳо доир кунад.
XS
SM
MD
LG