Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милиса дар Тоҷикистон ҳам пулис мешавад


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тарҳи Қонун «дар бораи пулис»-ро барои дарёфти афкори умум дар сомонааш ба нашр расонидааст. Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи ВКД ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи қонуни пулис ба хотири ҷалби назари ҷомеа ҳам дар сомонаву ҳам дар нашрияи вазорат « -Қонун ва ҷомеа» нашр мешавад. Тарҳи қонуни пулис аз 39 модда ва 6 боб иборат буда, вазифаҳову ӯҳдадориҳои кормандони пулисро тасниф мекунад.
Тавре дар моддаи авали он зикр шудааст, «Пулис дар Тоҷикистон сохтори таркибии мақомоти корҳои дохилии ин кишвар буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ муҳофизат менамояд.»
Баъди онки ду сол пеш дар Русия исми милисаро ба пулис иваз карданд, бисёриҳо мегуфтанд, ки Тоҷикистон ба ин ташаббуси Маскав ҳам ҳатман пайравӣ хоҳад кард. Ба дунбол эълон шуд, ки табдили номи милиса ба пулис як бахши ислоҳоти сохторҳои умури дохилаи Тоҷикистон аст. Ин ислоҳот бояд то соли 2020 иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG