Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ласточка» - ғолиби мусобиқаи футболи занона дар Қӯрғонтеппа


Дастаи «Ласточка» («Парасту»)-и Душанбе ғолиби мусобиқаи футболи занона бахшида ба Соли футбол оммавӣ дар Тоҷикистон гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқа дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ширкати 6 даста баргузор шуд, имрӯз, 20-уми май ба анҷом расид. Ба гурӯҳи «А» тимҳои «Ласточка» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) ва «Фархор» (Фархор), ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Хатлон-1» (Қӯрғонтеппа), «Хатлон-2» (Норак) ва «Ҷиликӯл» (Ҷиликӯл) дохил буданд.

Дастаи ғолиб «Ласточка» бо раҳбарии Сулаймон Бобокалонов бар тимҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Фархор» бо ҳисоби якхелаи 10-0 пирӯз шуда ва дар даври ниманиҳоӣ ба дарвозаи тими «Хатлон-2» шаш голи беҷавоб задааст. «Ласточка» дар бозии ниҳоӣ бар тими «Хатлон-1» бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Голи ҳалкунандаро Мадина Фозилова, футболбоззани Тоҷикистон дар ду соли ахир, ба ҳадаф расонд. Вай бо 15 гол беҳтарин нишонзани ин мусобиқа гардид.

Дар бозӣ барои ҷойи севум футболбоздухтарони Норак бар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар маросими пӯшидашавӣ бо ҷому медалҳо ва дипломҳои ФФТ сарфароз шуданд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқа ба ҳамлагар Наталя Сотникова аз дастаи «Ласточка»-и Душанбе супурда шуд. Инчунин ба ҳар як даста аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон панҷтӯбӣ тақдим гардид.
XS
SM
MD
LG