Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зану шавҳар ҳангоми фурӯши кӯдак боздошт шуданд


Пулиси шаҳри Волгогради Русия зану шавҳареро боздошт кардааст, ки мехостаанд духтарчаи навзоди худро бифурӯшанд. Вазорати корҳои дохилаи Русия мегӯяд, як зани 29 солаи Узбакистон ва дӯсти 21 солааш, ки вай ҳам шаҳрванди Узбакистон аст, 19 май боздошт шудаанд. Онҳо кӯдаки худро ба 400 ҳазор рубли русӣ баробар бо 11 500 доллар фурӯхтаанд.

Моҳи гузашта дар вилояти Маскав як ҷуфти дигари шаҳрвандони Узбакистон талош доштанд писари 18 моҳаи худро бо духтарчаи навзод ба нархи як миллион рубл ё 28 900 доллар фурӯшанд.
Моҳи феврал низ дар шаҳри Санкт-Петербург ду зани узбак боздошт шуда буданд. Онҳо низ мехостанд, ки кӯдаки навзодро 80 ҳазор рубл (2 300 доллар) ба як афсари пулис фурӯшанд. Пулис он вақт нақши харидорро бозӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG