Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон бо Си Ҷингпинг мулоқот кард


Э. Раҳмон ва Си Ҷинпинг (акс аз бойгонӣ)
Э. Раҳмон ва Си Ҷинпинг (акс аз бойгонӣ)
Дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Си Ҷинпинг мулоқот кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Чин баъд аз Русия ва Қазоқистон аз лиҳози сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон севвумин кишвар ба шумор меравад.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, таъмири роҳҳо ва сохтмони корхонаҳои нави тавлиди энержӣ сӯҳбат карданд.

Бино ба хабари Хадамоти матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, Си Ҷинпинг қавл додааст, ки ҳади нисоб ё квотаи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чинро бештар хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Чен Ҷу-узви Шӯрои давлатии Чин ва раиси Кумитаи умури сисёсиву ҳуқуқии Чин масъалаҳои амният дар минтақа, ба вижа ҳамкориҳои амниятӣ баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистонро баррасӣ карданд.

Бино ба маълумоти ҷониби Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-апрели соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 12013 тиҷорати миёни ду кишвар 2,4 дарсад коҳиш ёфтааст ва 172 миллион долларро ташкил додааст, ки он тақрибан 11 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро мебошад. Тоҷикистон бо Чин 800 километр марзи муштарак доранд.
XS
SM
MD
LG