Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрди ду қатор 4 кас кушта, 15 кас захм бардоштаанд


Бино ба гузоришҳои расида аз Русия, дар наздикии Маскав ду қатор ба ҳам бархӯрдаанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли вазорати дохила навиштааст, ки дар ин ҳодиса 4 нафар кушта, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати умури изтирории Русия дар изҳороте аз мардуми кишвараш хостааст, ки “дар ин бора сару садо” ба роҳ наандозанд ва оромиро риоят кунанд, вале вазорат дар бораи ҷузъиёти ҳодиса маълумот надодааст.

ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки қароти мусофирбар ва борбар ба ҳам бархӯрдаанд.
XS
SM
MD
LG