Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави шоҳмоти Тоҷикистон


Мутрибаи Илҳом
Мутрибаи Илҳом

Ҷамшед Исоев ва Мутрибаи Илҳом қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2014 эълон шуданд.

Мусобиқаи имсола дар шаҳри Кӯлоб аз 9-ум то 14-уми май баргузор шуд. Дар сабқати мардон 38 шатранҷбоз ширкат дошт. Мусобиқа аз рӯи манзумаи суисӣ дар 9 давр барпо гардид.

Устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев, аз шаҳри Душанбе, дар сабқати мардон дар 9 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст овард. Вай дар 6 бозӣ пирӯз шуда, 3 бозиро мусовӣ кард. Дарвоқеъ, Ҷамшед Исоев барои бори панҷум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. Аҷиб аст, ки вай ҳар дафъа баъди расо ҳафт сол ба ин унвон мушарраф мешавад – 1986, 1993, 2000, 2007, 2014.

Устоди байналмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов, шатранҷбози Душанбе, бо 7 имтиёз мақоми дувум ва шатранҷбози ҷавон, устоди варзиш Амин Қобилови душанбегӣ бо 7 имтиёз мақоми севумро касб карданд. Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаеви исфарагӣ ва Алишер Каримови душанбегӣ, ки 6,5-имтиёзӣ гирифтанд, ҷойҳои чоруму панҷумро бо ҳам диданд.

Дар сабқати занон Мутрибаи Илҳом аз Душанбе, ки дар ҳамаи 10 бозӣ пирӯзӣ ба даст овард, барои дувумин бор паиҳам ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Модари ӯ – Саодат Одинаева, собиқ қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон, - бо 9 имтиёз дувум шуд. Шатранҷбози пуртаҷрибаи душанбегӣ Лидия Антонова бо 7,5 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “сол ба сол дараҷаи маҳорати шатранҷбозони ҷавони тоҷик, ба мисли Амин Қобилов, Алишер Каримов, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Мутрибаи Илҳом баланд мешавад. Амин Қобилов ва Мутрибаи Илҳом барои ширкат дар мусобиқаи шатранҷбозони Осиёи Шарқӣ, ки рӯзҳои 3-13-уми июн дар Макао баргузор мешавад, даъватномаи махсус гирифтаанд.”

Илҳом Юнусов афзуд, акнун шатранҷбозони тоҷик ба Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки моҳи август дар шаҳри Тромси Норвегия баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
XS
SM
MD
LG