Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати Б.Баҳоров дар таркиши балон дар Душанбе


Бар асари таркиши балони оксиген дар кӯчаи Машъали ноҳияи Фирдавсии Душанбе кафшергари ширкати «Сохтмони роҳҳо» ҳалок шудааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар нимаи дуввуми рӯзи 20 май Бахтиёр Баҳоров - кафшергари ҶДММ «Сохтмони роҳҳо» - ҳангоми кор дар кӯчаи Машъал бар асари таркиши балони оксиген ҷон додааст. Дар ин таркиш афроди дигар осеб надидаанд. Пулис мегӯяд, Баҳоров Бахтиёр масоили бехатариро риоя накардааст ва дар натиҷа балони оксиген таркида, ба у осеби сангин задааст ва ӯ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бахтиёр Баҳоров сокини шаҳри Қӯрғонтеппа буда, чанд соли ахир дар ширкати «Сохтмони роҳҳо» ба ҳайси кафшергар кор мекардааст.
XS
SM
MD
LG