Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқоти Русияву Чин барои "ҳамкории наздик"


Путин ва Ҷинпинг
Путин ва Ҷинпинг
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, Маскав ва Пекин ба тавофуқ расидаанд, ки сиёсатҳои хориҷии худро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ “бештар” ҳамоҳанг хоҳанд кард.

Путин 20 май баъд аз мулоқоташ бо Си Ҷинпинг-раҳбари Чин ҳамкориҳои вазоратҳои дифои Русия ва Чинро “омили ҷиддии амният” барои ҷаҳон арзёбӣ намуд.

Дар як изҳороти муштарак ин ду кишвар даъват кардаанд, ки роҷеъ ба масъалаи Украина ҳамкориҳои бештари сисёсӣ ва минтақаӣ сурат бигирад. Онҳо ҳамчунин ҳамкориҳоро дар бахши энержӣ ва рушди зербано дар Русия густариш медиҳанд.

Чин ва Русия қавл доданд, ки ҳамкориҳои молиро таҳким мебахшанд ва тиҷоратро бо пулҳои миллии худ анҷом медиҳанд.

Бо вуҷуди ин ҳар ду ҷониб бояд як қарордоди чанд миллиард долларии газро имзо кунанд. Ин қарордод барои ихтилоф дар таъйини нархи фурӯши он ба Чин чанд сол ба таъхир афтод, вале акнун Путин мегӯяд, ки ин қарордод ба “марҳилаи ниҳоӣ” расидааст.
XS
SM
MD
LG