Пайвандҳои дастрасӣ

Бо таъкид ба ваҳшонияти нав дар Украина телевизиони давлатии Русия навори кӯҳнаи амалиёт дар қаламрави худро намоиш дод.

Манзара ваҳшатангез аст. Ҷасади тобхӯрда дар алафзоре. Ин ҷасади ба гуфтаи телевизиони Русия, як сокини осоиштаи вилояти Донетск аст, ки аз тарафи нерӯҳои мусаллаҳи Киев кушта шудааст. Таври маълум аҳолии ин вилоят ҷудоихоҳ ва тарафдори Русия шумурда мешаванд.

Аммо аксе, ки рӯзи 16-уми май дар барномаи ахбори шабакаи давлатии «Россия-1» намоиш ёфт, айнан ба наворе монанд аст, ки 18 моҳ пеш дар гузорише дар бораи амалиёти зиддитеррористӣ дар Қафқози Шимолӣ пахш шуда буд. Акнун дар гузорише дар бораи задухӯрди байни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷумҳурии худэълонкардаи халқии Донетск ин шабакаи телевизионӣ ҳамин аксро нишон дода, мегӯяд, дар ин ҷо «ҳар рӯз аҳолии осоишта ба ҳалокат мерасад».

Сипас туфангчаеро дар канори ҷасади рӯйи замин хобида нишон медиҳанд ва наттоқ мегӯяд, горди миллии Украина ин шахсро парондааст, аммо ҷудоихоҳони мусаллаҳ ин шахсро нашинохтанд ва ӯро шарики худ намедонанд. Тавре шабакаи телевизионии «Россия-1» шарҳ медиҳад, туфангчаро махсус дар ин ҷо гузоштаанд, то «ишора кунанд, ки душманро куштаанд.»

Аммо дар ин гузориш аксе нишон дода шуд, ки шабакаи вобастаи ин канал – «Россия-24» рӯзи 18-уми ноябри соли 2012 дар хабари марбут ба амалиёти зиддитеррористӣ дар ҷумҳурии Қабардину Балқари Қафқози Шимолӣ пахш карда буд.



Дар ин инавор шабакаи «Россия-24» хабар дода буд, ки дар ин амалиёт панҷ ситезаҷӯи мусаллаҳ кушта шуданд.

Ба ғайр аз аксе, ки дар он шояд ҳамон як ҷасад дида мешавад, дар ҳарду гузориш манзараи якхелаи чаҳор марди мусаллаҳи низомипӯш, ки алафзори туман ё меҳолудеро таҳқиқ мекунанд, такрор шудааст.

Дар он рӯзе, ки гузориш аз амалиёти зиддитеррористӣ пахш шуд, навори таҳрирнашудаи он аз тноми Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия дар шабакаи YouTube ба нашр расид.

Дар гузориши рӯзи 16-уми май хабарнигорони шабакаи «Россия-1» бо ҷудоихоҳи ниқобпӯше, ки дар даст калашников дорад, мусоҳиб шуданд ва ӯ гуфт, ки фармондеҳони украинӣ он сарбозони худро, ки ба фармонҳои «зимддихалқӣ» тан надоданд, куштаанд.

Чеҳраҳои расмии Украина ва Ғарб расонаҳои ахбори оми Русияро айбдор мекунанд, ки маъракаи ошкорои таблиғи мавқеи Кремлро роҳандозӣ карда, ҳукумати Киевро ғайриқонунӣ ва ҳомии «фашистон» мешуморанд ва гӯё ин ҳукумат майл дорад, рустаборон ва украиниҳоеро, ки зидди онанд, таъқиб кунад.

Филми мустанаде, ки моҳи гузашта дар шабакаҳои телевизионии Русия ба намоиш даромад, ин ҳадсро ҳам зад, ки ҳукумати Украина барои мухолифони худ урдугоҳҳои консентратсионӣ месозад.

Аммо бо ин суханон иншооте намоиш дода шуд, ки сохтмони он дар соли 2012, замони раёсатҷумҳурии Виктор Янукович сар шудааст, ки пас аз эътирозҳои оммавии моҳи феврал дар Киев ва шаҳрҳои дигари Украина ба Русия фирор кард. Бинои мазкур бахше аз тарҳи бунёди маҳалли нигоҳдошти муҳоҷирони ғайриқонунист ва аз тарафи Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мешавад.

Карл Шрек

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG