Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар Бишкек бар зидди Иттиҳодияи Гумрукӣ


Пулиси Қирғизистон дар Бишкек дастикам 7 нафар фаъолонеро боздошт кард, ки бар зидди узвияти кишвари худ дар Иттиҳодияи Гумрукӣ ба эътироз баромаданд. Дар миёни онҳо Алмаз Тоҷибой-ҳамоҳангсози эътирозҳо низ ҳаст. Дар Иттиҳодияи Гумрукӣ Русия нақши раҳбарӣ дорад.

Ин эътироз дар назди бинои порламон баргузор шуд ва дақиқ дар ҳамон соатҳое, ки порламон Харитаи роҳи пайвастан ба ин иттиҳодияро баррасӣ мекард.

Темир Сариев-вазири иқтисоди Қирғизистион 20 май гуфт, пайвастан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ бештар манфиат хоҳад овард на зарар. Ҳоло дар ин иттиҳодия Русияву Беларус ва Қазоқистон узвият доранд.

Аз сӯи дигар, Достон Бекешов-намояндаи порламон аз ҳукумат хост, ки баррасиҳои мардумӣ созмон диҳад ва рӯшан шавад, ки мухолифон ва ҷонибдорони узвият дар ин иттиҳодия дар чӣ ҳад ҳастанд.

Пештар Ҷоомарт Оторбоев-нахуствазири ин кишвар гуфта буд, ки Қирғизистон талош дорад узвият дар ин иттиҳодияро то як соли дигар мавқуф гузорад. Аммо Маскав талош дорад, то кишварҳои Шӯравии пешинро ба ин иттиҳодия гирд орад ва мисли Иттиҳодияи Аврупо созмоне ташкил диҳад.
XS
SM
MD
LG