Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон аз вазифааш барканор шуд


Дамир Камолиддинов бо қарори кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби футзали кишвар сабукдӯш шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ сабаби истеъфои Дамир Камолиддинов натоиҷи ғайриқаноатбахши мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё мебошад, ки аз 30-юми апрел то 10-уми майи соли равон дар шаҳри Ҳошимини Ветнам баргузор шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» дар ҳарсе бозиаш аз тимҳои Кувайт (0:5), Ветнам (4:10) ва Ироқ (1:6) бо ҳисобҳои бузург шикаст хӯрда буд. Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки «вазифаи мо аз гурӯҳамон ба даври баъдӣ роҳ ёфтан ва умуман, дар байни ҳаштгонаи беҳтарини қора ҷойгир шудан аст.» Вале мунтахаби Тоҷикистон, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Бояд тазаккур дод, Дамир Камолиддинов аз соли 2001 сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон буд. Бо раҳбарии ӯ даста дар ҳашт мусобиқаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат карда, ҳамагӣ 26 бозӣ анҷом додааст (10 ғалаба, 1 мусовӣ ва 15 бохт, таносуби тӯбҳо – 92-152).
XS
SM
MD
LG