Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллӣ ҳуҷҷати фаъолияти «Оксус»-ро бозхонд


Бонки милии Тоҷикистон ду ташкилоти қарзиро бинобар ба муддати тулонӣ фаъолият накардан бозхонд. Дафтари матбуоти Бонки милии Тоҷкистон рӯзи 20-уми май ба радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки раёсати Бонки миллӣ бо қарори худ бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардану зиёновар будан шаҳодатномаҳои Фонди қарзии хурди “Оксус” ва “Ҳаймаҳмадӣ”-ро бозхонд кард. Бунёди қарзии «Оксус» дафтараш дар Душанбе буда дар чанде аз ноҳияҳои Тоҷикистон намояндагиҳои худро дорад ва “Ҳаймаҳмадӣ”-воқеъ дар ноҳияи Файзобод ҳисоботи молиявии худро беш аз 6 моҳ пешниҳод накарданд. Бонки милии Тоҷикистон тибқи қонуни «Ташкилотҳои маблағгузории хурд» дар бораи пурра барҳам додани ин ду созмони қарзии хурд ба додгоҳ ариза пешинҳод кардааст. Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони бонки марказӣ шаҳодатномаҳои фондҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда шудааст. Ҳамакнун бори чандум аст, ки танҳо дар соли ҷорӣ шаҳодатномаҳои фаъолияти чанде аз ташкилотҳои хурди қарзиро Бонки миллӣ бо сабаби «зиёновар» будан бозпас мегирад. Дар моҳи апрели соли равон Бонки миллии Тоҷикистон ба далели зиёновар будан муҷаввизи ширкатҳои қарзии «Субҳи Урметан» ва «Ҳафт Ганҷ»-ро низ бозхонд карда буд. Ҳангоми бозхонди ҳуҷҷатҳои ин бонкҳои хурд Бонки миллӣ сабаби асосиро дар муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар буданашон арзёбӣ карда буд. Бонки миллӣ мегӯяд, аснод ҷиҳати барҳам додани ин ду созмони молӣ ба додгоҳ ироа шудааст. Тавре дар Қонуни Тоҷикистон дар бораи «Ташкилотҳои маблағгузории хурд» дар моддаи 16 зикр шудааст агар дар давоми 12 моҳ аз рӯзи гирифтани иҷозатнома созмони маблағгузории хурд ба фаъолият шурӯъ накунад ё баъди шурӯъ кардан ба фаъолият беш аз 6 моҳ худсарона фаъолияташро боздорад шаҳодатномаи он пас гирифта шуда барҳам дода мешавад.
XS
SM
MD
LG