Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав пойгоҳҳои ҳарбияшро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон нерӯманд мекунад


Бо пешбинии бад шудани вазъи амниятӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон Вазорати дифои Русия гуфтааст, ба таҳкими пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷӯҳи хос медиҳад. Ноиби вазири дифои Русия Анатолий Антонов мегӯяд, кишвараш вазъи Афғонистон ва кишварҳои онро бо диққати тамом мушоҳида мекунад ва ҳарос дорад, ки суботу оромӣ дар ин ҷо мумкин аст, баҳам хӯрад. Вай афзуд, бо таҳкими пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон Русия амнияти ин шарикони худро таҳким хоҳад дод. Ин мансабдори Русия таъкид кард, ки ҳарду пойгоҳ ахиран бо навтарин силоҳ муҷаҳҳаз шуда, Маскав ёрии худро аз нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвари мизбон низ дареғ надоштааст.
XS
SM
MD
LG