Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Афғонистон аз хабарҳои ирсоли муҳоҷирони афғон аз Эрон ба ҷанги Сурия


Мансабдорони Афғонистон ба таҳқиқи гузоришҳое машғуланд, ки бино бар онҳо Эрон ҳазорон нафар аз паноҳандагони афғонро ба ҷанги Сурия мефиристад. Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ба сафорати худ дар Теҳрон дастур додааст, ки ин мавзӯъро пажӯҳиш кунад. Рӯзномаи бонуфузи "The Wall Street Journal" рӯзи 15-уми май хабар дод, ки Эрон ба паноҳандаҳои афғон пешниҳод кардааст, дар ивази моҳонаи 500-долларӣ дар Сурия дар сафи нерӯҳои президент Башор Асад вориди ҷанг шаванд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки моҳи гузашта дар Машҳад ҷасади чаҳор паноҳандаи афғон гӯронда шуд, ки дар ҷанги Сурия ба ҳалокат расидаанд. Афғонистон инро зидди ҳуқуқи паноҳандагон номид. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон Шикеб Мустағнӣ рӯзи 19-уми май гуфт, агар ин иттилоот воқеият дошта бошад, он нақзи як қатор қарордодҳои байнулмилалӣ хоҳад буд ва Афғонистон ин амалкардро маҳкум хоҳад намуд.Порлумони Афғонистон низ аз ҳукумат хостааст, воқеияти ин хабарҳоро аз мақомоти Эрон талаб намояд.
XS
SM
MD
LG