Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии дастаҳои мунтахаби наврасони тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ


Дастаҳои мунтахаби наврасони то 14 ва то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Норак ва Душанбе ба мусобиқоти байналмилалӣ омодагӣ мебинанд.

Ҷамъомади ҳаштрӯзаи таълимиву тамринии мунтахаби наврасони кишвар (U-14) бо раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар шаҳри Норак ҷараён дорад. Даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-14), ки аз 4-ум то 13-уми август дар шаҳри Ҳамадони Эрон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ рақобат хоҳад кард.

Ба ҳайати даста 26 футболбоз даъват шудааст. Ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Норак 21-уми май ба анҷом мерасад.

Ҳайати васеи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14):
Дарвозабонҳо: Хусрав Раҳимов («Саройкамар»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳимоятгарон: Шаҳбоз Маҳмадуллоев («Энергетик»), Шаҳром Абдуллоев, Оятулло Сафаров, Юнус Давлатов (ҳарсе – РШВСМ), Маъруф Ятимов («Нури Норак»), Садриддин Исмоилов («Истиқлол»).
Нимҳимоятгарон: Аслиддин Муҳаммадиев («Истиқлол»), Шерхони Абдуҷаббор («Авиатор»), Насим Шарифов, Ҳомид Сабуров, Анушервон Муҳаббатшоев (ҳарсе – РШВСМ), Абдураҳмон Узоқов, Боҳир Сангинов (ҳарду – ГОК, Ҷаббор Расулов), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Мубин Муъминов («Хуҷанд»), Мухтор Азимов («Нури Норак»).
Ҳамлагарон: Аслам Камолов, Ваҳдат Ханонов (ҳарду – «Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Саройкамар»), Муҳаммад Гулаев («Кӯктош»), Умарҷон Шарифов («Вахш»), Фирӯзи Аслан («Локомотив»), Аббос Раҳмонов (РШВСМ), Аваз Камчинов («Равшан»).
Раҳбарият: Меҳроҷиддин Холов – менеҷер, Раҷаб Расулов – сармураббӣ, Ҷамшед Акбаров – мураббии калон, Амоншо Саодатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Суҳайл Носиров – духтур.

Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бошад, бо раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар Душанбе то 23-юми май тамрин мекунад. Ин даста ба «Ҷоми Каспий-2014» дар Боку омодагӣ мебинад.Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар пойтахти Озарбойҷон байни футболбозони синнашон то 17-сола аз 28-уми май то 6-уми июн баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа 12 даста ширкат мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Ҷопон (29 май) ва Гурҷистон (30 май) бозӣ мекунад.

Ба ҷуз ин, мунтахаби кишвар (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон,ки аз 24-ум то 30-юми июн дар Остона барпо мегардад, иштирок хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG