Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО хостори "иродаи нек"-и Русия дар Украина шуд


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Андерс Фоғ Расмуссен мегӯяд, камбуди субот дар шарқи Украина меҳвари нигарониҳои марбут ба интихоботи ояндаи президентии ин кишвар аст. Айнан барои ҳамин, афзуд ӯ, НАТО аз гурӯҳҳои ҷудоихоҳ дар шарқ даъват мекунад, ба “фаъолиятҳои ғайриқонунӣ” хотима гузоранед ва ба раъйдиҳии батартибу низом роҳ диҳанд. Расмуссен гуфт, Русия метавонад дар ин фароянд нақши ба маротиб созандаеро бозад. “Ман фикр мекунам, Русия бояд барои баргузории интихобот иродаи рӯшане нишон диҳад”, то ки натиҷаҳои он бозтоби ҳақиқии иродаи мардуми Украина бошанд. НАТО ба Русия ҳамроҳ карда шудани Қримро маҳкум карда буд. Эътилоф ҳамчунин Маскавро айбдор кард, ки барои коҳиши шиддат дар шарқи Украина коре накард ва ҷудоихоҳони рӯбарусияи мусаллаҳ биноҳои маъмуриро ишғол намуданд.
XS
SM
MD
LG