Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург ноком шуданд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо дар Оренбурги Русия аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир - Шаҳром Иззатбеков, Расул Абдушарифов (ҳарду дар вазни 66 кг), Ҷасур Шамиров, Амонулло Асронқулов, Шӯҳратҷони Фархизода (ҳарсе – 73 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) дохил буданд. Вале, мутаассифона, ҳамаи паҳлавонони тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзҳои 17-18-уми май баргузор шуд, 276 варзишгар аз 23 кишвар: Арманистон, Австрия, Беларус, Бритониёи Кабир, Дания, Испания, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Мароккаш, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Сербия, Словакия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Украина, Фаронса, Эстония ва Юнон ширкат доштанд.

Мунтахаби Русия бо касби 34 медал, аз он ҷумла 8 тилло, 7 нуқра ва 19 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Беларус (2-2-1) дувум ва мунтахаби Қазоқистон (1-1-2) севум шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Аврупо
Мардон

60 кг
1. КУЛИКОВ Дмитрий (Русия)
2. ИВАНЯН Григор (Арманистон)
3. ЭДИЕВ Лечи (Русия)
3. КАРАКИЗИДИ Савва (Русия)

66 кг
1. ХАМЕТОВ Ислом (Русия)
2. ФОНГЕТТИ Артур (Фаронса)
3. ГАЗАРЯН Давид (Арманистон)
3. СУЛТОНОВ Имом (Русия)

73 кг
1. СУЛАЙМОНОВ Умархоҷа (Русия)
2. ПОЛЯКОВ Антон (Русия)
3. БОЙҚУЛОВ Камол (Русия)
3. ГОНЗАЛЕЗ МАРТИНЕЗ Даснел (Испания)

81 кг
1. ЛАППИНАГОВ Аслон (Русия)
2. ЧАПАРЯН Андраник (Арманистон)
3. ЯРСЕВ Дмитрий (Русия)
3. РИБИН Дмитрий (Русия)

90 кг
1. РАНДЛ Милан (Словакия)
2. ДОВГАН Дмитрий (Русия)
3. БЕТАНОВ Алан (Русия)
3. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Русия)

100 кг
1. МАГОМЕДОВ Шамил (Русия)
2. ХАКУРИНОВ Ҳазрат (Русия)
3. КИСЕЛЁВ Руслан (Русия)
3. ҚУЛМАТОВ Бегзод (Узбакистон)

+100 кг
1. ЗВЕРЕВ Сергей (Украина)
2. МАТСУТАДЗЕ Нодар (Украина)
3. АЛЛЕРСТРОФФЕР Даниел (Австрия)
3. ТӮРАБОЕВ Шӯҳрат (Узбакистон)
XS
SM
MD
LG