Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба ақибнишинии нерӯҳои Русия аз марзи Украина фармон дод


Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, раисиҷумҳури ин кишвар Владимир Путин фармон додааст, ки нерӯҳои Русия аз минтақаҳои ҳаммарз бо шарқи Украина ақиб кашида шаванд. Бино бар созишномаи Женев Русия мебоист ҳанӯз 18-уми апрел нерӯҳои худро аз марзи Украина бозпас мегирифт ва қудратҳои ғарбӣ Маскавро айбдор мекарданд, ки ин ӯҳдадории худро ба иҷро нарасонд. Дар изҳороте, ки рӯзи душанбеи 19-уми май нашр шуд, гуфта мешавад, ин нерӯҳо дар размоишҳои тарҳрезишудаи баҳорӣ дар минтақаҳои Ростов, Белгород ва Брянск ширкат доштанд ва акнун дастур гирифтаанд, ки ба пойгоҳҳои худ баргардарданд. Дар бораи шумораи сарбозоне, ки аз марз фаро хонда шудаанд, чизе гуфта нашудааст ва НАТО шумораи онҳоро 40 000 нафар баровард карда буд. Ҳамзамон Кремл аз Киев даъват кардааст, амалиёти ҳарбиро дар шарқи Украина қатъ кунад ва нерӯҳояшро ақиб барад. НАТО мегӯяд, баъд аз он ки Путин рӯзи 7-уми май гуфта буд, нерӯҳои Русия ақибнишинӣ кардаанд, тағйире дар марз ба вуқӯъ напайвастааст.
XS
SM
MD
LG