Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э. Раҳмон бо Си Ҷинпин дар Пекин


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пас аз мулоқот бо раиси Чин Си Ҷинпин гуфт, кишвараш хостори рушди босуръати “дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш” бо ҳамсояи бузурги худ аст. Тарафҳо тасдиқ карданд, ки гардиши мол миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллар бештар шудааст. Ин дар ҳолест, ки адади мазкур дар расонаҳои Тоҷикистон мавриди баҳс қарор ёфта, Хадамоти гумруки Тоҷикистон ин ададро 1 миллиард доллар шумурда буд. Тафовути байни арқоме, ки давлати Чин нашр кард бо иттилои мақомоти Тоҷикистон гумонеро ба миён оварда буд, ки як бахши молҳои воридотии Чин бе қайди гумрук ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва дар натиҷа давлати Тоҷикистон аз ҳисоби пардохт нашудани андоз ва боҷҳои гумрукӣ зиёни молӣ мебинад. Ду кившар дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, кишвоварзӣ аз ҷумла оид ба сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, навсозии роҳҳои мошингард ҳамкорӣ мекунанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё, ба Чин сафар кардааст. Дар ин ҳамоиш намояндагони 46 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла президентҳои 11 кишвари ҷаҳон, ба монанди Русия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва ғайра ширкат хоҳанд кард. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё як форуми байнулмилалист, ки дар соли 2002 барои густариши тафоҳум ва ҳамкории кишварҳои қораи Осиё таъсис ёфта, аз 17 кишвари узв ва 6 кишари нозир иборат аст. Дар ҳамоиши Пекин раёсати дусолаи ин созмон аз Туркия ба Чин интиқол хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG