Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"НАТО барои тағйир додани самтгириҳои сиёсии ҳукуматҳои ОМ наомадааст"


16 май дар Тошканд намояндагии Паймони Атлантики шимолӣ ё НАТО расман боз шуда, қарор аст, нақши дафтари минтақавии ин эътилофи низомиро иҷро кунад.

16 май дар Тошканд намояндагии Паймони Атлантики шимолӣ ё НАТО расман боз шуда, қарор аст, нақши дафтари минтақавии ин эътилофи низомиро иҷро кунад. Намояндаи махсуси НАТО барои кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ҷеймс Аппатурай дар бораи ҳадафҳои маркази минтақаӣ дар мусоҳиба бо Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт:

«Рисолати ин дафтар, ки имрӯз расман ифтитоҳ ёфт, асосан сегона аст. Якум – намояндагӣ аз НАТО на танҳо дар Ӯзбакистон, балки ҳамчунин дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, зеро ҳамаи онҳо коршарикони моянд. Яъне иттилоъ додан дар бораи НАТО, мудирияти ҳамкориҳо бо НАТО, чун мо бо ҳар яки онҳо барномаи коршарикӣ дорем. Дуввум, ки хеле зиёд бо худи Ӯзбакистон пайванд мегирад, кӯмак ба транзити ҳамвори коло ба дохил ва беруни Афғонистон барои нерӯҳои Айсаф (Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон) аст. Ниҳоят, ин дафтар дидбонии минтақа аст, ки ба маҳзи донистани он ки чӣ мегузарад, барои дарки беҳтари вазъи амниятӣ амал кунад. Барои мо ин ҳама хеле пурарзиш аст».

Намояндаи махсуси НАТО барои кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ҷеймс Аппатурай ишора намуд, ки дафтари НАТО дар Тошканд бо пешниҳоди Ӯзбакистон чанд моҳ пеш ба таври ғайрирасмӣ ба кор сар карда буд ва аммо 16 май рӯзи расмии ифтитоҳи он аст. Раҳбарии дафтари намояндагии НАТО дар Тошкандро шаҳрванди Ҳолланд, дипломат Александр Винников ба ӯҳда гирифт.

Ба саволи ин ки то куҷо ҳодисаи ифтитоҳи дафтари намояндагии НАТО дар Тошканд бо рӯйдодҳои ахир дар Украина метавонад иртибот дошта бошад, бахусус, ки Русия Осиёи Марказиро ба унвони минтақаи таҳти нуфузи худ арзёбӣ мекунад? – ӯ гуфт:

- Ин тасодуф аст, ки фурсати бозшавии дафтар бо ҳодисаҳои Украина дар як вақт мегузарад. Дар воқеъ, кори дафтари НАТО чанд моҳ пеш шурӯъ шуда буд ва ҳоло маросими расмии ифтитоҳи он аст. Масъалаи дуюми хеле муҳим ин аст, ки мо ҳамкориҳои худро бо кишварҳои минтақа ба унвони сабқат бо тарафи дигар арзёбӣ намекунем. Агар ин кишварҳо тасмим гирифтанд, ки равобити худро бо Русия тақвият диҳанд, ин кори онҳост, чунки ҳамзамон бо ин, онҳо метавонанд бо НАТО ҳам ҳамкорӣ дошта бошанд. Мо ин ҷо на барои тағйир додани самтгириҳои сиёсии онҳо омадаем. Таъкид мекунам, ки воқеан ҳам ин кишварҳо бояд баланси сиёсиро дар сиёсати хориҷии худ риоя кунанд. Ӯзбакистон ин корро мекунад. Ин кишвар истиқлолияти сиёсӣ ва тамомияти арзии худро қадр мекунад. Мо ҳам инро эҳтиром мекунем, - гуфт Аппатурай.

Дар робита бо кори дафтари намояндагии НАТО дар Тошканд вай таъкид кард, ки ин ниҳод дар тамоси ҳамешагӣ бо мақомоти Ӯзбакистон хоҳад буд. Дар ин дафтар теъдоди ками мутахассисон ба раҳбарии корманди НАТО, шаҳрвандои Ҳолланд Александр Винников амал хоҳад кард.

Қарор буд, намояндагии НАТО дар Тошканд ҳанӯз 3 маи соли 2013 боз мешуд, чун ҳанӯз тобистони соли гузашта ин ниҳод дар сохторҳои дипломатии Ӯзбакистон сабтином шуд, вале бо сабабҳои номаълум ин сана ба 16 маи соли 2014 таъин шуд.
XS
SM
MD
LG