Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумиссиюн дар Ашқобод тарҳи ТАТ-ро баррасӣ кард


Ҳукумати Туркманистон хабар додааст, ки дар Ашқобод ҷаласаи кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон баргузор шудааст. Кумиссиюн тарҳи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон(ТАТ)- ро баррасӣ кардааст.

Раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Усмоналӣ Усмонзода-вазири энержӣ ва захоири об бар уҳда дошт. Дар хабари нашршуда омадааст, ки ин роҳи оҳан барои минтақа аҳамияти стратегӣ дорад.

Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҷаласаи ояндаи ин кумиссиюн дар нимаи аввали соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Интизор меравад, ки дар оянда ба ин тарҳи роҳи оҳан Чину Эрон ва Қирғизистон низ бипайванданд.
XS
SM
MD
LG