Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мушти баъд аз ҷанг"-и мошини идеологии ҳукумат


Таблиғот бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби ҷавонони минтaқаи Кӯлоб ба гурӯҳҳои тундрав дар ҳоле роҳандозӣ шудааст, ки коршиносон ин амалро дершуда ва шеваи иҷрояшро ноком меноманд.

Ахиран пас аз нашри хабарҳои кушта шудани чанд ҷавон аз минтақаи Кӯлоб ва эҳтимоли ширкати чанд ҷавони дигар аз ин минтақа дар ҷангҳои Сурия, намояндагони Кумитаи дин, муфтиёт ва Кумитаи занон ба ин минтақа сафарбар шуда, таблиғотро шӯрӯъ кардаанд. Кори онҳо асосан аз вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо иборат аст. Бо назардошти ширкати ҷавонон дар ҷангҳои Сурия, коршиносон ин амали ҳукуматро ба «мушти баъд аз ҷанг» ташбеҳ медиҳанд.

Аз ҷумла, Абдусамад Ғайратов, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, даҳҳо роҳе вуҷуд дошт, ки аз ширкати ҷавонон дар ҷангҳои Сурия пешгирӣ шавад, масъулони соҳаи идеологӣ онҳоро ё комилан истифода намекарданд ва ё онҳоро хеле беҳунарона анҷом медоданд. Ҳоло ҳам ба гуфти ӯ, мақомдорон бо рӯҳониён, фаъолон ва донишҷӯёне сӯҳбат мекунанд, ки ба худии худ онҳо ақидаҳои ифротӣ надоранд. Ӯ бар ин аст, ки таблиғ бояд миёни қишри осебпазири ҷомеа гузаронида шавад, ки иборат аз ҷавонони бекор ва дорои андешаҳои тангу маҳдуди мазҳабист. Аз сӯӣ дигар, ба гуфтаи ӯ, ба ин қишри ҷомеа дурусттар таълимоти исломӣ дода шавад, ки дигар бо роҳи хато нараванд:

«Инҳо дар Тоҷикистон таълимоти нокофиву нодурустӣ динӣ гирифтаанд, ки бо роҳҳои бад бурданашон хеле осон аст. Онҳо дар Тоҷикистон қонеъ нашудаанд ва мехоҳанд дар дигар давлатҳо таълим гиранд, ки дигар он ҷо ҳар гурӯҳ онҳоро ба манфиати худ истифода мекунад. Ягона роҳи баргардонидани онҳо аз шомил шудан ба гурӯҳҳои тундрав дар таълимоти дурусти динӣ аз ҷониби рӯҳониёни тоҷик аст, ки онҳоро дар ин баробар ба ватандӯстиву ватандорӣ тарғиб мекунанд.»

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони ширкатдошта дар ҷангҳои Сурия мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ доштаанд, ки ин ба гуфтаи коршиносон, ба рӯҳияи онҳо ҷиҳати ҷалбашон ба «ҷиҳод» нақши муҳим доштааст. Бекорӣ, камбизоатӣ бештари ин ҷавононро ба Русия мебарад, ки он ҷо муҳити носолим ва таълимоти маҳдуди динӣ ҳадафашонро комилан тағийр медиҳад.

Маҳмадсиддиқи Саид, коршиноси тоҷик мегӯяд, то ҳанӯз дар Тоҷикистон як идеяи муттаҳидкунандаи тамоми мардум пайдо нашудааст, ки мардумро дар атрофи худ ба манфиати миллат муттаҳид кунад. Ба назари ӯ, чунин як идея метавонад, фарогирандаи бовариҳои мардум ва арзишҳои миллии онҳо бошад ва дар чунин сурат иттиҳоде ба вуҷуд овардан мумкин аст, ки ҳеҷ андешае дар он шикоф ворид карда наметавонад. Албатта, ба гуфтаи ӯ, дар ин баробар ҳам ҳолати иҷтимоии мардум ҳам беҳ карда шавад: «Иқтисод бояд бо маънавиёту фарҳанг дар як сатҳ қарор дошта бошанд. Паст будани яке аз инҳо барои рушди дигар монеъа эҷод мекунад. Дар ин ҳолат вақте миллату ватанашро дӯст дошт, дигар ба корҳои паст даст намезанад. Барои ҳамин идеологияи миллатдӯстиву ватанпарвариро ҳамвазн бо иқтисодиёт ташвиқ кунем. Ба андешаи ман, танҳо дар ин сурат муваффақ хоҳем шуд.»

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин коршинос то ҳанӯз ҷаласаву вохӯриҳо бо як доираи муайяну дастрас, донишҷӯ ва зиёиён, нигаронида шудааст ва бо мардуми деҳоту дигар қишрҳо ҳеҷ гуна вохӯрие баргузор намешавад. Аммо Зайниддин Cафаров, мудири бахши ҷавонон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ба тозагӣ нақшае рӯи даст доранд, ки бо ширкати рӯҳониён ва донишмандон дар тамоми даҳ шаҳру ноҳияи Кӯлоб бо ҳамаи табақоти ҷомеа вохӯриҳо анҷом бигирад. Ӯ мегӯяд, қаблан ҳам чунин тарғибҳо буд ва набояд дар симои як ё ду ҷавон ҳамаи тарғибҳоро ноком донист. Ба андешаи ӯ, ҳар инсон то синни сӣ солагӣ аз лиҳози равонӣ тағийрёбанда аст ва давоми як моҳ ҳам андешаи ӯро дигар кардан имкон дорад:

«Онҳо дар ватан берун шояд ба доми бадандешон меафтанд. Дар ин ҷо мо ба ин ҳад онҳоро бадкор намебинем. Писар як ҳафта аз волидайнаш дур шавад бубинед, ки характераш дигар мешавад. Тарғиботҳо таъсир мерасонанд, аммо баъзеҳо сустиродаанд ва зуд дар ҷои бегон, ки рафтанд, фикрашонро дигар мекунанд. Мо ҳамеша талош мекунем, то ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят кунем.»

Дар ҳамин ҳол, Абдусамад Ғайртов мегӯяд, коҳиш додани муҳоҷират ва зери назорат гирифтани ин раванди иҷтимоӣ ҷавононро аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ наҷот медиҳад.

Хабари кушта шудани чор нафар ҷавонони минтақаи Кӯлоб дар Сурия ва нашри хабарҳои дигар вобаста ба ширкати онҳо дар ин ҷанг боиси он шудааст, ки муфтии кишвар ва раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон ба ин минтақа сафар карда, бо сокинон сӯҳбат кунанд. Аммо коршиносон ин сӯҳбатҳоро маҳдуд ва нокифоя медонанд. Коршиносон мегӯянд, таблиғоти ин доира дигар ҳеҷ фоидае надорад ва ба гӯши аудиторияи лозим намерасад.

Аз сӯи дигар, нозирони умур мегӯянд, дар минбарҳои мулоқоту вохӯриҳо бояд афроде бошанд, ки ҳарфе барои гуфтан доранд ва сухани онҳо низ таъсиргузор барои ҷомеа бошад. Албатта ин нозирон аз шахсиятҳои рӯҳонӣ назири Ҳоҷӣ Мирзо, ки дар минтақаи Кӯлоб маҳбубияте дорад, ном мебаранд. Зеро гуфта мешавад, пас аз амри маъруфҳои ин рӯҳонӣ дар чанд соли ахир, ҷомеаи Кӯлоб дар муқоиса ба солҳои пеш мазҳабитар шудааст.
XS
SM
MD
LG