Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини вазири роҳсозии Афғонистонро рабуданд


Афроди ношиноси мусаллаҳ дар Афғонистон Аҳмадшоҳ Воҳид, муовини вазири ободонӣ ва роҳсозиро, рабудаанд. Мақомоти расмии Афғонистон гуфтанд, ки ин афрод рӯзи 15 апрел ҳангоми ба кор рафтани Аҳмадшоҳ Воҳид ба мошини ӯ ҳамла кардаанд ва ронандааш дар ин ҳодиса захмӣ шудааст. Гулоғо Ҳошимӣ, сардори бахши таҳқиқи ҷиноятҳо дар раёсати пулиси Кобул, гуфт, ҳамлаварон мошини муовини вазирро аз роҳ хориҷ карда ва сипас худи ӯро ба мошинашон андохта фирор кардаанд. Маълум нест, одамрабоён аз кадом гурӯҳанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гуфтааст, ки онҳо аз ин ҳодиса хабар надоранд. Одамрабоӣ бо ҳадафи ситонидани пул аз тарафи Толибон зиёд дида мешавад, вале бори аввал аст, ки чунин мақоми баландпояи Афғонистон ба дасти одамрабоён меафтад.
XS
SM
MD
LG