Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз амалкардҳои Русия нигарон шудааст


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз ҳимояти ин кишвар аз ҷудоихоҳони Украина изҳори “нигаронии амиқ” кардааст. Кохи Сафед рӯзи 14-уми апрел изҳор кард, ки Обама ба Путин гуфтааст, ки дар сурати идомаи пуштибонӣ, Русия подоши амалашро хоҳад дид. Раиси ҷумҳури Амрико аз Владимир Путин хостааст, бо истифода аз нуфузаш дар миёни гурӯҳҳои русгарои мусаллаҳ дар Украина онҳоро ба тарки идораҳои ишғолкардаашон дар шаҳрҳои шарқии Украина моил кунад. Барак Обама ҳамчунин аз Владимир Путин хостааст, нерӯҳои Русияро аз марзи Украина ақиб кашида, танишҳоро коҳиш диҳад ва зикр кардааст, ки то кунун давлати Украина бо вуҷуди чунин ҳодисаҳо, “хештандории истисноӣ” нишон додааст. Қабл аз ин ҳукумати Русия гуфт, Владимир Путин ба Обама гуфтааст, ки Русия дар нооромиҳои шарқи Украина даст надорад ва иддаоҳо дар бораи нақши ҷосусони Русия дар тазоҳуротҳои зидди ҳукумати нав дар Украина беасос аст.
XS
SM
MD
LG