Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин бохти муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар София


Умед Ёқубов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София ноком шуд.

Умед Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар рӯзи аввали мусобиқа, 14-уми апрел, дар нахустин қувваозмоияш аз Павел Фёдорови русиягӣ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум гашт.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Булғористон то рӯзи 24-уми апрел идома меёбад, теъдоди рекордии варзишгарон - 606 нафар (506 писар ва 100 духтар)аз 105 кишвар ширкат доранд. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад. Ғолибону ҷоизадорон, инчунин онҳое, ки ҷойҳои чорум ва панҷумро мегиранд, соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон мешаванд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ муштзани ҷавон – Умед Ёқубов (- 52 кг, Нурмуҳаммади Ашӯралӣ (-56 кг), Шаббос Неъматуллоев (- 69 кг), Меҳрубон Сангинов (- 75 кг) ва Меҳроб Иброҳимов (-81 кг) - дохиланд.

Имрӯз, 15-уми апрел, Нурмуҳаммади Ашӯралӣ дар даври аввал бо Аҳмад Алтинас аз Швейтсария рақобат мекунад. Шаббос Неъматуллоев рӯзи чоршанбе, 16-уми апрел, бо Ракан Нассар аз Урдун вориди рақобат мешавад.

Меҳрубон Сангинов рӯзи панҷшанбе, 18-уми апрел, бо Аҳмад Ал-Маҳдавӣ аз Ироқ қувваозмоӣ мекунад. Меҳроб Иброҳимов рӯзи шанбе, 19-уми апрел, бо Милос Велетик аз Босния ва Ҳерсеговина ба рақобат шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG