Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турчинов хостори райпурсии саросарӣ шуд


Ukraine -- Acting President Oleksandr Turchynov visits a training base of Ukraine's National Guard near Kyiv, March 31, 2014
Ukraine -- Acting President Oleksandr Turchynov visits a training base of Ukraine's National Guard near Kyiv, March 31, 2014
Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина дар рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузории райпурсии саросарӣ роҷеъ ба сохтори давлатии ин кишварро низ истисно намедонад. Интихобот барои 25 май дар назар дошта шудааст.

Турчинов рӯзи душанбе дар ин бора дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангии порламон сӯҳбат кард. Вай гуфт, ки барои баргузории чунин райпурсӣ бояд порламон қарор содир кунад.

Турчинов изҳори умед кард, ки аксарияти мутлақи украиниҳо дар ин райпурсӣ аз истиқлоли Украина ва тамомияти арзии он ҳимоят хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки дар қисматҳои шарқии Украина эътирозҳои ҷонибдорони Русия идома дорад.
XS
SM
MD
LG