Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи 11 кило ҳашиш дар фурудгоҳи Душанбе


Дар фурудгоҳи Душанбе як мусофир, ки бо ҳавопаймои Душанбе-Маскав парвоз мекард, бо 11 кило ҳашиш боздошт шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.

Ин шаҳрванди 30 солаи Тоҷикистон, ки аз вай ном бурда намешавад, дар ҷомадони худ махфигоҳе дуруст кардааст ва дар он 20 бастаи ин маводро пинҳон кардааст.

Ҳангоми гузаштан аз тафтиши гумрук вазни зиёди ҷомадон кормандонро ба тааҷҷуб овардааст. Пас аз бозрасии комил маълум шудааст, ки ба ҷуз аз либос дар қисмати поёнии ҷомадон махфигоҳе вуҷуд дорад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, барои қочоқи ин миқдор маводи мухаддир ба ин шаҳрванди 30 сола аз 12 то 20 соли ҳабс пешбинӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG