Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони вазорати дохила заҳролуд шудаанд


Хабаргузориҳо аз Қизилурдаи Қазоқистон хабар додаанд, ки дар ин минтақа даҳҳо нафар сарбозони нируҳои дохилаи ин кишвар заҳролуд ва дар яке аз бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Рӯзи якшанбе 32 сарбоз ва рӯзи душанбе 4 сарбози дигар ба бемористон интиқол дода шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии бемористони вилоятии Қизилурда хабар додааст.

Бино ба ин хабар, сарбозон аз беҳолӣ, шикамравӣ, дарди сар ва заъфияти бадан шикоят кардаанд. Барои санҷиш аз онҳо анализ гирифтаанд ва натиҷаҳои он баъд аз 3-4 рӯз маълум мешавад.

Дафтари матбуотии бемористон гуфтааст, ки ҳоло вазъи саломтаии беморон собит аст, вале сабаби чунин беморӣ ошкор нашудааст.
XS
SM
MD
LG