Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният вазъи Украинаро баррасӣ кард


Шӯрои Амнияти СММ бо дархости Русия дар робита бо бӯҳрони шарқи Украина ҷаласаи изтирорӣ доир намуд. Ин ҷаласа баъд аз изҳороти Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина баргузор шуд. Вай барои супардани аслиҳа ва холӣ кардани биноҳои ҳукуматӣ ба ҷудоихоҳони ҷонибдорӣ Русия зарбулаҷал тайин кард ва гуфт, агар онҳо то соати 09:00 вақти маҳаллӣ ин шарту шароитро напазиранд, бар зидди онҳо бо ширкати артиш “амалиёти густардаи зиддитеррористӣ” шуруъ мешавад.

Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, ки вай аз ин изҳороти Украина нигарон аст. Чуркин гуфт, ки “Киев бояд аз истифодаи ниру даст кашад ва бо мардуми шарқи Украина ба музокироти воқеӣ пардозад”.

Аммо Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ гуфт, ки нооромӣ дар Украина “кори дасти одамист” ва сенарияи онро Русия навиштаст ва коргардонӣ мекунад.

Юрий Сергеев-намояндаи Украина дар СММ низ гуфт, ки ин бӯҳронро ба таври сунъӣ Русия ба вуҷуд овардааст ва вай аз Маскав даъват кард, ки ба таври фаврӣ аз фаъолиятҳое даст кашад, ки тамомияти арзии Украинаро зери суол мебарад”.
XS
SM
MD
LG