Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии "Равшан"-у "Парвоз" дар лигаи олии футболи Тоҷикистон ба таъхир афтод


Рӯзҳои 12-13-уми апрел бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд, аммо бозии "Равшан"-у "Парвоз" ба таъхир афтод.

Дар ду бозӣ мизбонон ғолиб омаданд ва ду бозии дигар бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт. Ҳамагӣ 8 гол зада шуд, ки панҷтоаш ба мизбонон ва сетоаш ба меҳмонон мутааллиқ аст. Чаҳор бозиро дар варзишгоҳҳо 22 ҳазор мухлис тамошо карданд. Аз ҳама бештар – 11 ҳазор тамошогар - дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, дар бозии «Далерон-Ӯротеппа» - «Энергетик» ва аз ҳама кам дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ - як ҳазор - дар бозии “Истиқлол” – “Регар-ТадАЗ” ҷамъ шуданд.

Аммо ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии «Равшан» (Кӯлоб) – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров), ки мебоист рӯзи 13-уми апрел баргузор мешуд ба 7-уми май гузаронида шуд.

Нахуст дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва «Энергетик» (Душанбе) рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ба голи Ҳасан Рустамов, собиқ бозигари «Равшан», ки ба «Энергетик» гузаштааст, Абдураҳмон Қурбонов, узви дастаи мизбон - «Далерон-Ӯротеппа» - бо гол посух дод. Дарвоқеъ, Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 30-юм тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба нишон расонда натавонист.

Бозии дувуми даври аввал байни «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 1:0 ба охир расид. Голро Хуршед Маҳмудов (собиқ капитани «Регар-ТадАЗ») дар дақиқаи 28-ум ба ҳадаф расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 73-юм сардовар Парвиз Муртазоев (Душанбе) ба бозигари «Регар-ТадАЗ» Ҳикматулло Расулов, ки муқобили Дэвид Мауто, легионери африқоии «Истиқлол» (собиқ ҳамлагари «Равшан»), дағалона бозӣ кард, корти сурх нишон дод.

Ду бозии дигари даври аввал рӯзи якшанбе баргузор шуд. Дастаи “Хуҷанд» (Хуҷанд) дар майдони худ бар «Вахш» (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Голи ягонаро ду дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ Манучеҳр Аҳмадов ба самар расонд.

Бозии ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Хайр» (Ваҳдат) бо ҳисоби 2-2 поён ёфт. Ба ду голи мизбонон – Аллия Сила ва Фаридун Шарифов, ҳамлагари «Хайр» Мирзобек Мизоев бо ду гол ҷавоб гардонд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ЭНЕРГЕТИК» - 1:1
Голҳо: Ҳасан Рустамов, 30 (0:1). Абдураҳмон Қурбонов, 36 (1:1).
Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Ҳасан Рустамов («Энергетик»), 30.

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан): Фарҳод Юлдашев, Далерҷон Тухтасунов, Алексей Неъматов, Сӯҳроб Мансуров, Акмал Сабуров, Абдусамад Ҳоҷибоев, Беҳрӯз Сангинов (Сафаралӣ Каримов, 59), Далер Холиқов, Абдураҳмон Қурбонов (Нуъмонҷон Ҳакимов, 75), Соломон Течи, Давронҷон Тухтасунов (Меҳрулло Бобоев, 77).
«Энергетик» (Душанбе): Миралӣ Муродов (Рустам Ризоев, 73), Бахтиёр Азимов, Ҳасан Рустамов, Содиқ Мӯсо, Сафархон Мирзоев, Иброҳим Рабимов, Сорбон Карамов, Бахтиёр Чориев (Бахтиёр Ҳасанов, 57), Алишер Холмуродов, Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (Феликс Бафое, 85).
Огоҳонида шуданд: Соломон Течи («Далерон-Ӯротеппа»), Иброҳим Рабимов, Алишер Холмуродов, Шодибек Ғаффоров, Бахтиёр Ҳасанов («Энергетик»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
12-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 11 000 тамошогар.

«ИСТИҚЛОЛ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1:0
Гол: Хуршед Маҳмудов, 28.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Виллер Соуза Оливейра, 60), Глаубер Да Силва, Эраҷ Раджабов, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Дэвид Мауто, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 87), Хуршед Маҳмудов (Комил Саидов, 79), Ромиш Ҷалилов.
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев, Алишер Шарифов, Фарҳод Холбеков, Далер Шомуродов, Бахтиёр Қаландаров, Сӯҳроб Эгамбердиев (Руслан Кузнетсов, 71), Сайриддин Ғаффоров, Ҳикматулло Расулов, Фирӯз Қараев (Абдурасул Раҳмонов, 57), Нуъмон Зокиров (Акбар Бобомуродов, 90).
Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Глаубер Да Силва ("Истиқлол"), Далер Шомуродов, Ҳикматулло Расулов ("Регар-ТадАЗ").
Аз майдон хориҷ шуд: Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»), 73, барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
12-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошогар.

ССКА «ПОМИР» - «ХАЙР» - 2:2
Голҳо: Алия Силла, 30 (1:0). Фаридун Шарифов, 38 (2:0). Мирзобек Мирзоев, 45+1 (2:1). Мирзобек Мирзоев, 90+1 (2:1).

ССКА «Помир» (Душанбе): Амир Ҳоҷимуродов, Павел Калугин, Субҳон Хоҷамов, Руслан Тиллоев, Фирдавс Чақалов, Сиёвуш Мӯҳсинов, Шамсиддин Қосимов (Сабур Мулимов, 61), Комрони Мирзонаҷот, Абдулло Саидов (Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 86), Фаридун Шарифов, Алия Силла (Азимҷон Юнусзода, 90+2).
«Хайр» (Ваҳдат): Анатолий Старушенко, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсаҳ Даниэл Абан, Баҳодур Шарифов, Маҳмадалӣ Содиқов, Амирбек Ҷӯрабоев, Бебей Кингли Поул, Алишер Улмасов (Мӯҳсин Парпиев, 71), Мирзобек Мирзоев, Ҳусейни Сӯҳроби (Айдох Наполеон, 81).
Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзонаҷот, Алия Силла (ССКА «Помир»), Маҳмадалӣ Содиқов, Мирзобек Мирзоев, Анатолий Старушенко («Хайр»).
Аз майдон хориҷ шуд: Руслан Тиллоев (ССКА "Помир"), 33.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Худжанд).
13-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофаи ҶТ. 3000 тамошогар.

«ХУҶАНД» - «ВАХШ» - 1:0
Гол: Манучеҳр Аҳмадов, 88.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Абдулазиз Маҳкамов, Нодирбек Маъмиров (Бенҷамин Авуко, 84), Ҳоҷибой Зиёев, Ҷамолиддин Зардиев, Манучеҳр Аҳмадов, Сергей Абрамов, Соҳиб Ҳакимов, Чарлз Теко (Ҳусейн Ҷалолов, 81), Турсуналӣ Рустамов, Искандар Ҷалилов, Бенҷамин Аманква.
«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Фатҳуллои Иззатулло, Хуршед Бекназаров, Худойдод Узоқов, Кароматулло Саидов, Далер Шарифов, Расул Файзов, Одил Бобоназаров (Алишер Баротов, 89), Сайидамири Сайидаҳмад, Музаффар Назаров, Улуғбек Абдулхайров.
Огоҳонида шуданд: Ҳоҷибой Зиёев, Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Далер Шарифов, Музаффар Назаров, Улуғбек Абдулхайров («Вахш»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
13-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 7000 тамошогар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG