Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИ: Дар интихоботи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ пешсаф аст


Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон (КМИ) рӯзи якшанбе, 13 апрел, хабар дод, ки баъд аз баршумурдани даҳ дар сади раъйҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо дарёфти тақрибан 42 дар сади овозҳо пешсаф аст. Ба иттилои хабаргузории Ройтер, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, собиқ вазири молияи Афғонистон, ба дарёфти 37,6 дар сади раъйҳо муваффақ шудааст.

Залмай Расул, ки аз пуштибонии раисиҷумҳури феълӣ Ҳомид Карзай бархурдор аст, камтар аз даҳ дар сади овозҳоро соҳиб гардид.

Ройтер бо такя ба масъулини КМИ навиштааст, ки то рӯзи якшанбе даҳ дар сади овозҳои мардуми 26 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон баршумурда шудаанд. Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфтааст, “ман мехоҳам рӯшан кунам, ки натиҷаҳои раъдиҳӣ метавонанд тағйир ёбанд, зеро ин натиҷаи ниҳоӣ нест”.

Қарор буд, ки КМИ Афғонистон нахустин натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии 5 апрелро рӯзи шанбе эълон кунад, аммо бо сабабҳои номаълум он то рӯзи якшанбе мавқуф гузошта шуд. Барои курсии раисиҷумҳури Афғонистон 8 номзад сабқат карданд.
XS
SM
MD
LG