Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аваков: Дар Славянск як афсари украинӣ кушта шуд


Вазири умури дохилии Украина гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти зиддитеррор дар шаҳри Славянск аз ҳар ду ҷониб чандин нафар куштаву захмӣ шудаанд. Арсен Аваков дар саҳифаи худ дар Facebook навишт, ки рӯзи якшанбе, 13 апрел, аз тири ҷудоихоҳони рустабор як афсари украинӣ кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи Аваков, теъдоди осебдидагон миёни ҷудоихоҳон маълум нест. Вазири украин афзудааст, ки дар Славянск тақрибан ҳазор нафар аз ҷудоихоҳон пуштибонӣ мекунанд. Қаблан ӯ аз мардуми шаҳр хоста буд, ки аз манзилҳояшон берун нашаванд.

Ҷудоихоҳони рустабор рӯзи шанбе дар бинои ҳукумати шаҳри Славянск, воқеъ дар садкилометрии Донетск, парчами Русияро насб намуданд. Онҳо, ки худро аъзои “гурӯҳи ташаббускори Ҷумҳурии Донетск” муаррифӣ кардаанд, биноҳои шӯъбаи милиса ва бахши маҳаллии Хадамоти амнияти Украинаро ҳам забт намуданд. Онҳо аз бинои шӯъбаи милиса тақрибан 400 туфангча ва беш аз 20 автоматро рабуданд.

Шаҳри Славянск дар тақрибан садкилометрии шимоли Донетск воқеъ аст ва он ҷо 130 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Арсен Аваков дар Фейсбук навишт, ки рӯзи шанбе шӯъбаи милисаи шаҳри Краматорск ҳадафи тирандозии афроди ношинос қарор гирифт. Дар шаҳри Красний Лиман кормандони милиса ва мардуми маҳаллӣ ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳро баргардониданд.

Ҳукумати Украина мақомоти Русияро дар “таҷовуз” муттаҳам кард. Маскав, дар навбати худ, ба Киев ҳушдор дод, ки аз истифодаи нерӯ алайҳи ҷудоихоҳн дар манотиқи шарқии Украина парҳез намояд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, рӯзи якшанбе, изҳор намуд, ки бенизомиҳо дар шарқи Украина ба манфиати ягон ҷониб нестанд. Ӯ аз нооромтар шудани авзоъ дар минтақа ва афзоиши хатари бархӯрдҳои хушунатбор изҳори нигаронии амиқ кард. Дабири кулли Созмони Милал аз ҷонибҳо хост, ки ба эътидоли авзоъ муваффақ шаванд, аз қавонин берун пой наниҳанд ва аз таҳаммул кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG