Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаҳо дар Ироқ даҳ кас ҷон бохтааст


Бар асари ҳамлаҳои ҷудогона дар Ироқ рӯзи якшанбе, 13 апрел, дасти кам 10 нафар ҷон бохт. Ба иттилои хабаргузориҳо, хунбортарин – ҳамлаи маргталаб дар як постгоҳи полис дар канори шаҳри Киркук буд, ки таркиши мошинаш мунҷар ба ҳалокати шаш кас гардид. Дар ин ҳодиса чанд каси дигар маҷрӯҳ шудааст.

Ба иттилои СММ, бар асари хушунати байнимазҳабӣ дар Ироқ соли гузашта 8868 тан аз мардуми маҳаллӣ ва кормандони ниҳодҳои амниятиву полис ба ҳалокат расиданд. Сунниҳои Ироқ аз он норозиянд, ки ҳама мақомҳои калидӣ дар ҳукумат ва нерӯҳои амниятии кишварро шиаҳо ишғол кардаанд ва онҳо болои суннимазҳабҳо пайваста фишор меоваранд.

Ҳамлаҳои интиҳорӣ ҳам дар мавзеъҳои шианишин ва ҳам дар маҳаллаҳои суннимазҳабҳо рӯй медиҳанд.

Қарор аст, ки рӯзи 30 апрел дар Ироқ нахустин баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ интихоботи парлумонӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG