Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи таҷдиди назари Эрон ҳукми Ҳикматиро таъйид кард


Додгоҳи таҷдиди назари Эрон ҳукми 10 соли зиндони сарбози собиқи амрикоӣ Амир Мирзо Ҳикматиро таъйид кард.

Ҳикматӣ, ки шаҳрвандии Эрон ва Амрикоро дорад, моҳи августи соли 2011 боздошт ва бо иттиҳоми ҷосусӣ маҳкум ба эъдом шуда буд. Аммо хонаводаи ӯ ва ҳукумати Амрико ҷосус будани Ҳикматиро рад карданд.

Соли 2012 Додгоҳи олии Эрон ҳукми эъдомро лағв кард ва хостори баррасии дубораи парвандаи Амир Ҳикматӣ шуд. Ба гуфтаи Маҳмуд Ализода Табатабаӣ, вакили дифои Амир Мирзо Ҳикматӣ, додгоҳ баъди бозрасии дубора Ҳикматиро дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Амрикову талоши дарёфти ахбори махфӣ айбдор ва ба 10 соли маҳбас маҳкум намуд. Ба гуфтаи вакили дифоъ, акнун, ки Додгоҳи таҷдиди назар ин ҳукмро таъид кардааст, барои шартан озод намудани Амир Ҳикматӣ талош хоҳад кард.

Мақомоти ИМА ин хабарро то ҳол ташреҳ накардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта Кохи Сафед аз Теҳрон хоста буд, ки Амир Ҳикматиро озод кунад.
XS
SM
MD
LG