Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болои бинои ҳукумати Славянск парчами Русия насб шуд


Ҷудоихоҳони рустабор рӯзи шанбе, 12 апрел, дар бинои ҳукумати шаҳри Славянск, воқеъ дар садкилометрии Донетск, парчами Русияро насб намуданд. Дар ин бора мири Славянск Неля Штепа хабар дод ва гуфт, ки тақрибан ҳазор нафар вориди бинои ҳукумат шудаанд.

Рӯзи шанбе рустаборҳо, ки худро "гурӯҳи ташаббускори Ҷумҳурии Донетск" муаррифӣ кардаанд, биноҳи шӯъбаи милиса ва бахши маҳаллии Хадаомти амнияти Украинаро ҳам забт намуданд. Онҳо аз бинои шӯъбаи милиса тақрибан 400 туфангча ва беш аз 20 автоматро рабуданд.

Муовини аввали вазири умури дохилии Украина Владимир Евдокимов рӯзи шанбе ба хабарнигорон дар Киев гуфт, ки сарвари шӯъбаи милисаи Славянск бо ғосибони бино вориди гуфтушунид шудааст.

Шаҳри Славянск дар тақрибан садкилометрии шимоли Донетск воқеъ аст ва он ҷо 130 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Аз ин пештар кафили вазорати умури хориҷии Украина Андрей Дешитса аз хадамоти ҷосусии Русия даъват кард, ки ба тавтеъаҳояшон дар манотиқи шарқии Украина хотима гузоранд.
XS
SM
MD
LG