Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 12 нафар бар асари ҳамлаи маоистҳои Ҳинд


Маоистҳо дар ҳамлаҳои зиёди террористӣ дар Ҳинд даст доранд

Маоистҳо дар ҳамлаҳои зиёди террористӣ дар Ҳинд даст доранд

Дар Ҳиндустон, ки интихоботи сартосарӣ идома дорад, бар асари ҳамлаҳои афроди мусаллаҳи гурӯҳи маоистӣ рӯзи шанбе, 12 апрел, 12 нафар аз сокинони аёлати Чхаттисгарх кушта шуданд.

Ба иттилои полис, ҳамлаи аввал дар шоҳроҳи миёни шаҳрҳои Кутру ва Бидҷапур рӯ дод. Бар асари ба мина бархӯрдани автобус панҷ узви комиссиюни интихоботӣ ва ду ронанда ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамлаи дуввум дар мавзеи Дарбха Форест панҷ тан аз сарбозҳо кушта шуданд.

Гурӯҳҳои маоистӣ талаб доранд, ки ҳукумат ширкати густурдаи онҳо дар коркарди захираҳои табииро таъмин кунад ва барои мардуми фақир ҷойҳои кор муҳайё созад. Нахуствазири Ҳинд Манмоҳан Сингх ошӯбгаронро "бузургтарин таҳдид"-и дохилӣ ба амнияти кишвар номид.
XS
SM
MD
LG