Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз сокинони маркази зилзиласанҷӣ дар Рашт, ки мегуфтанд аз ҷониби мақомот барои тарки ҷои зисти худ мӯҳлат гирифтаанд, имкон ёфтанд дар ҷараёни сафари вазири умури дохилӣ ба минтақа, мушкили худро бо ӯ дар миён гузоранд.

Як гурӯҳ аз ин сокинон мегӯянд, зимни боздиди рӯзи шанбеи вазир аз ин мавзеъ, ки бо як қарори ҳукумат ба ихтиёри вазорати корҳои дохила гузошта шудааст, онҳо талош карданд алорағми тадобири амниятӣ, бо Рамазон Раҳимов рӯ ба рӯ сӯҳбат кунанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, посухи вазир низ дар ин қазия умедворкунанда набудааст ва онҳо бояд ҷойи зисти худро тарк кунанд.

Давлатпочо Миракова, як сокини кӯчаи Эмом Муҳиддин дар мавзеи маркази зилзиласанҷӣ мегӯяд, «милисаҳо намонданд, гуфтанд пеш наравед, вале мо ки дигар илоҷ надоштем, рафтем то назди вазиру хостем назари онҳоро фаҳмем. Гуфтанд, шуморо як сол шуд хабар кардаанд, ки бояд ин хонаҳоро холӣ кунед. Мо шароит надорем, куҷо равем? Раиси ноҳия мегӯяд, соҳибҳоятон, бародару шавҳарҳои шумо бояд ҷой ёфта шуморо аз ин ҷо баранд. О, агар онҳо имкону ҷой медоштанд, мо ба онҳо муроҷиат мекардем?»

Барои расидагӣ ба ин мушкили худ, сокинон ба вижа занони мавзеи Маркази зилзиласанҷӣ борҳо ба раҳбарони ноҳия ва раёсати корҳои дохилии ин минтақа муроҷиат кардаанд, аммо ба гуфтаи занон, дар ҳама ҷо таъкид мекунанд, ки онҳо бояд хонаҳоро тарк кунанд.

Давлатпочо Миракова мегӯяд, замони ҷанги шаҳрвандӣ наздиконаш куштаву манзили зисташон ба коми оташ рафтааст ва онҳо бо пешниҳоди раҳбари ноҳия ба ҳамин манзил воқеъ дар маҳалли маркази зилзиласанҷӣ кӯ баставу онро обод кардаанд. Ҳоло Давлатпоччо мегӯяд, дигар ягон ҷои рафтан надорад ва дар сурати берун кардани онҳо аз манзили зист дар маркази зилзиласанҷӣ, намедонад ӯ ва хонаводааш чӣ сарнавиште хоҳанд дошт.

Сарвиноз Назирова, сокини дигари ин мавзеъ мегӯяд: «Масъулину роҳбарони ноҳия мегӯянд, мо ҳеҷ коре карда наметавонем, замин нест, ҷоятонро ёбеду хезед равед мо намедонем, куҷо меравем. Мегӯянд, чӣ хеле, ки омада ба ин хонаҳо даромадед, ҳамон хел баромада равед. Ман бо фарзандон ва чанд хоҳари дигарам ҳам дар хонаи падар зиндагӣ мекунем. Намедонем куҷо равем.»

Сокинони мавзеъи Маркази зилзиласанҷии Ғарм мегӯянд, ки онҳо наздики 30 оила ва ҳама соҳиби фарзанду набера буда, даҳсолаҳо дар инҷо зиндагӣ доранд, вале ахиран мақомоти ноҳия ин мавзеъро ба ихтиёри раёсати ОМОН-и вазорати дохила дода, то апрели соли равон мӯҳлат додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Масъулини Ҳукумати Рашт ҳам инро таъйид мекунанд, ки дар ҳақиқат ҳукумати Тоҷикистон Маркази зилзиласанҷии Раштро ба ҳисоби вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ворид кардааст, аммо мегӯянд, барои кӯч бастани иҷбории сокинон ҳеҷ мӯҳлат дода нашудааст.

Феълан Маркази зилзиласанҷии Рашт дар ихтиёри Пажӯҳишгоҳи геология қарор дорад. Мудири ин пажӯҳишгоҳ Юнус Мамадҷонов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки намояндагони ин марказ ба Академияи улум омада буданд ва онҳо кӯшиш хоҳанд кард, ки сокинон дар кӯча намонда, соҳиби қитъаи замин шаванд.

Соли гузашта 5,7 гектар замини Маркази зилзиласанҷӣ ба ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ дода шуд ва дар назар аст, пас аз моҳи апрел сарбозони ОМОН-и ноҳия дар ин мавзеъ ба сохтмони манзил шурӯъ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG