Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афроди мусаллаҳ идораи милисаи Славянскро забт карданд


Афроди ношиноси мусаллаҳ рӯзи шанбе, 12 апрел,шӯъбаи милисаи шаҳри Славянск, воқеъ дар ҷануби Украинаро, ишғол карданд. Вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков дар Фейсбук навишт, ки ҳамлагарон дар тан либоси низомӣ доштанд. Ба навиштаи Аваков, вокуниш ба ин амалкарди афроди мусаллаҳи ношинос қатъӣ хоҳад буд, зеро, ба гуфтаи ӯ, “эътирозгарон ва террористҳо аз ҳам фарқ доранд”.

Гуфта мешавад, ки тақрибан 15 марди мусаллаҳ ҳама кормандони шӯъбаи милиса, ба ҷуз, навбатдорҳоро аз бино берун карданд. Муовини аввали вазири умури дохилии Украина Владимир Евдокимов рӯзи шанбе ба хабарнигорон дар Киев гуфт, ки сарвари шӯъбаи милисаи Славянск бо ғосибони бино вориди гуфтушунид шудааст.

Шаҳри Славянск дар тақрибан садкилометрии шимоли Донетск воқеъ аст ва он ҷо 130 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Шаби ҷумъа ба шанбе гурӯҳе барои чанд миуддат бинои додситонии вилояти Донетскро забт кард аммо кормандони милиса ба ҷойи ҳодиса расида гурӯҳро аз бино берун намуд.
XS
SM
MD
LG